Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таеквондо: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми федератсия

Таеквондо: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми федератсия Таеквондо: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми федератсия Таеквондо: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми федератсия Таеквондо: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби Ҷоми федератсия

05.07.2018

: 571

Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи таеквондо (WTF)-и Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби кишвар ба анҷом расид.

Аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Федератсияи таеквондо (WTF)-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ва сарпарастии ҶДММ “Оби зулол” мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи таеквондо баргузор шуд.
Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев – раиси федератсияи мазкур, дар мусобиқа 600 варзишгар дар чор синну сол ширкат ва аз рӯи се барнома миёни ҳам рақобат намуданд: керуги (ҳарб), ТК-5 (ҳарби даставӣ) ва пумсе (техникаи махсус).
“Имсол дар мусобиқа варзишгарони ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон низ дар ҳайати 68 нафар иштирок карданд, - гуфт Ҷаҳонзеб Қармишев. – Ҷумҳурии Узбекистонро дастаҳои Бухоро, Зарафшон, Фарғона ва Сурхандарё намояндагӣ карданд. Сабқатҳоро 28 довар, аз ҷумла 4 довари дараҷаи байналмилалӣ ҳакамӣ намуданд”.
Дар рақобатҳои даставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ҷои аввал ва ҷом гардид. Дастаи мунтахаби минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷои дуюм ва тими мунтахаби Узбекистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати кушоди ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи таеквондо (WTF)-и Тоҷикистон-2018 дар ҳисоби инфиродӣ миёни калонсолон:

МАРДОН
Вазни -54 кг:
1. Негматов М. (Душанбе)
2. Каримов М. (Душанбе)
3. Алматов Д. (Хатлон-1)
3. Саидов Ж. (Узбекистон)

Вазни -58 кг:
1. Носиров Ҷамшед (Душанбе)
2. Баротов Шоҳрух ()
3. Мирзоев Р. (Душанбе)
3. Сунатов М. ()

Вазни -63 кг:
1. Холов Б. (Душанбе)
2. Ибрагимов А. (Душанбе)
3. Ибрагимов А. (Хатлон-2)
3. Раҳматов Н. (Узбекистон)

Вазни -68 кг:
1. Меҳтаршоев Х. (Душанбе)
2. Ғаюров М. (ШНТМ)
3. Тағойбеков А. (Душанбе)
3. Сафаров А. (Хатлон-2)

Вазни -74 кг:
1. Шомаҳмадов М. (Душанбе)
2. Абдуқаҳоров А. (Узбекистон)
3. Маъруфов М. (Узбекистон)
3. Ҷураев Х. (Узбекистон)

Вазни +74 кг:
1. Негматов Ф. (Душанбе)
2. Раҷабов Ш. (Узбекистон)
3. Каримов Ш. (Душанбе)
3. Малаев Ш. (Хатлон-1)

ЗАНОН
Вазни -46 кг:
1. Давлатова Н. (Душанбе)
2. Имомназарова П. (ВМКБ)
3. Ғуломасейнова С. (ВМКБ)
3. Лоиқова З. (Душанбе)

Вазни -49 кг:
1. Қамчибекова Н. (Узбекистон)
2. Ёдгорова А. (Душанбе)
3. Холова А. (Узбекистон)
3. Насруллозода М. (Душанбе)

Вазни -53 кг:
1. Миршакарзода Ш. (Турсунзода)
2. Ҷабборова Ш. (Душанбе)
3. Тоҷиддинзода Г. (ШНТМ)
3. Исмоилова Ш. (ШНТМ)

Вазни -57 кг:
1. Мадкаримова М. (Хатлон-2)
2. Исматова М. (ШНТМ)
3. Ахмедова С. (Узбекистон)
3. Забирова Ш. (ШНТМ)

Вазни +57 кг:
1. Ҳакимова Д. (Узбекистон)
2. Сафарова М. (Душанбе)
3. Разоқова С. (Хатлон-1)
3. Абдуллоева Д. (Хатлон-1)