02.07.2018
: 1504
29 июн – 1 июл дар шаҳри Душанбе (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ миёни наврасон ва калонсолон баргузор шуд.
Тавре аз Федератсияи камонварии Тоҷикистон хабар доданд, дар чемпионат 54 варзишгар дар ҳайати 4 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Суғд ва ШНТМ дар 3 масофа барои ҷоизаҳо талош карданд.
Ғолибону ҷоизадорони чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ миёни калонсолон ва наврасон дар соли 2018:
70 метр, даври олимпӣ
Мардҳо:
1. Рустамов Абдуғафор (Суғд)
2. Саидов Тилло (Душанбе-1)
3. Раҳимӣ Анушервон (Душанбе-1)
Бонувон:
1. Зубайдова Фирӯза (Душанбе-1)
2. Азимова Мавзуна (Суғд)
3. Тағоева Зуҳро (Душанбе-1)
Даставӣ-омехта
1. Суғд (Рустамов Абдуғафор; Мавзуна Азимова)
2. Душанбе-1 (Анушервон Раҳимӣ; Зубайдова Фирӯза)
3. Душан-2 (Кантаева Майрам, Ҷураев Фаррух)
60+60 метр, наврасон
Духтарон:
1. Олейникова Карина (Душанбе-2)
2. Ғаниева Малика (Душанбе-2)
3. Имомдодова Шукрона (Душанбе-2)
Писарон:
1. Аминҷони Суҳроб (Душанбе-2)
2. Шамсиев Имомалӣ (Суғд)
3. Ҷабборов Шоҳрух (Душанбе-1)
50+30 метр
Писарон:
1. Муллоев Некрӯз (Душанбе-1)
2. Ҷӯраев Бежан (Душанбе-1)
3. Бобоев Исо (Суғд)