16.05.2018
: 1651
Дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои мураббиёни гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ оғоз гардид.
Семинар дар доираи Барномаи рушди сохтори Федератсияи гуштини Тоҷикистон, бо маблағгузории Кумитаи байналмилалии олимпӣ роҳандозӣ гардида, 2 ҳафта идома меёбад. Мураббиёни ин намуди варзиш аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин муддат дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иштирок карда, аз мутахассиси сатҳи байналмилалӣ Шодӣ Баҳромов нозукиҳои гуштин ва тарзу усулҳои нави онро, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии гуштин муқаррар шудааст, меомӯзанд.
Рӯзи аввал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Маҳмадуллозода дар мавзӯи “Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа” маърӯза кард. Дар нимаи дуюми рӯз онҳо дар толори варзишӣ ба машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуданд.
Шодӣ Баҳромов дар суҳбат қайд кард, ки семинари омӯзишӣ чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд барои мураббиёни вилояти Суғд доир шуд ва баргузории он дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи барнома Оинномаи Федератсияи гуштин дар таҳрири нав қабул шуда, дастурамал оид ба намуди гуштин чоп ва дастраси мураббиёну варзишгарон хоҳад шуд.