07.05.2018
: 1307
Рӯзҳои истироҳати гузашта ду бозии мавқуфмондаи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дар бозии мавқуфмондаи даври дуюм тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои тими Душанберо Фатҳулло Фатҳуллоев ва Шериддин Бобоев заданд.
Бозии даври шашум миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” бо пирӯзии дастаи соҳили Сирдарё анҷом ёфт – 3:1. 3 голи тими ғолибро Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Хуршед Бекназаров ба ҳадаф расониданд.
Баъд аз ғалабаи навбатӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 16-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Вале “Истиқлол” як бозӣ камтар анҷом додааст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
1 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
7 |
5 |
1 |
1 |
15-7 |
16 |
2 |
“Истиқлол” (Душанбе) |
6 |
5 |
1 |
0 |
10-3 |
16 |
3 |
“Хатлон” (Бохтар) |
7 |
3 |
1 |
3 |
9-9 |
10 |
4 |
КМВА “Помир” (Душанбе) |
6 |
2 |
3 |
1 |
7-8 |
9 |
5 |
“Куктош” (Рӯдакӣ) |
7 |
2 |
3 |
2 |
8-10 |
9 |
6 |
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) |
7 |
2 |
2 |
3 |
10-9 |
8 |
7 |
“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) |
7 |
1 |
2 |
4 |
5-11 |
5 |
8 |
“Барқчӣ” (Ҳисор) |
7 |
0 |
1 |
6 |
3-10 |
1 |