08.02.2014
: 1437
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд.
Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Ин намоиши муассирро беш аз 40 ҳазор тамомшобин аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи лижарони тоҷик Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад.