30.04.2018
: 1327
Рӯзи якшанбе – 29 апрел – 3 бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
“Барқчӣ”-и Ҳисор дар майдони худ тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакиро қабул кард. Бозӣ бисёр ҷолиб сурат гирифта, 5 гол зада шуд. Тими меҳмон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашт. Ба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Нодирбек Иброҳимов, Абдурасул Раҳмонов ва Муҳаммадшарифи Саидхоҷа 3 хол зам карданд.
Яке аз муддаиёни медалҳои тилло – дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ бо тими “Панҷшер”-и ноҳияи Балхӣ вохурда, 4 голи беҷавоб зад. Ҷаҳонгир Эргашев 2 гол, Дилшод Бозоров ва Фарҳод Тоҳиров 1-голӣ заданд.
Дар бозии дигари давр тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳисоб дар дақиқаи 17 аз ҷониби Наврӯз Рустамов – футболбози “Хатлон” кушода шуд. Дар оғози нимаи дуюм бозингари “Регар” Доробҷон Эргашев голи ҷавобӣ зад. Дар дақиқаи 80 футболбозони Бохтар бо голи задаи Далер Шоҳмуродов ба пеш баромаданд. Голи ғолибиятро Кароматулло Саидов зад.
Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА “Помир” дар доираи даври 7-ум дар Рӯзи ғалаба – 9 май доир мегардад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
1 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
6 |
4 |
1 |
1 |
12-6 |
13 |
2 |
“Истиқлол” (Душанбе) |
5 |
4 |
1 |
0 |
8-2 |
13 |
3 |
“Хатлон” (Бохтар) |
7 |
3 |
1 |
3 |
9-9 |
10 |
4 |
“Куктош” (Рӯдакӣ) |
6 |
2 |
3 |
1 |
7-7 |
9 |
5 |
КМВА “Помир” (Душанбе) |
6 |
2 |
3 |
1 |
7-8 |
9 |
6 |
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) |
7 |
2 |
2 |
3 |
10-9 |
8 |
7 |
“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) |
7 |
1 |
2 |
4 |
5-11 |
5 |
8 |
“Барқчӣ” (Ҳисор) |
6 |
0 |
1 |
5 |
2-8 |
1 |
Бозии даври дуюм
6 май (якшанбе)
«Истиқлол» – «Барқчӣ»
Бозии даври шашум
6 май (якшанбе)
«Куктош» – «Хуҷанд»
Бозии даври ҳафтум
9 май (чоршанбе)
«Истиқлол» – КМВА «Помир»
Даври ҳаштум
12 май (шанбе). Оғоз – 17:00
«Куктош» – «Барқчӣ»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
13 май (якшанбе). Оғоз – 17:00
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»