Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастаи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон аз Абу Даби бо 20 медал баргашт

Дастаи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон аз Абу Даби бо 20 медал баргашт Дастаи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон аз Абу Даби бо 20 медал баргашт Дастаи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон аз Абу Даби бо 20 медал баргашт

01.05.2018

: 1549

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва Фестивали ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу сазовори 20 медал (7 тилло, 6 нуқра, 7 биринҷӣ) гардиданд.

Тавре раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов иттилоъ дод, чемпионат ва Фестивали ҷаҳонии ҷиу-ҷитсу аз 16 то 28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.
Тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот дар ҳайати 28 нафар иштирок кард. Варзишгарони навраси кишвар сазовори 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, варзишгарони ҷавон сазовори 4 медали тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд. Миёни калонсолон Бобомуродов Алиҷон дар вазни 56 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
- Чемпионати ҷаҳон барои тими мунтахаби ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2018 ба ҳисоб мерафт, - иброз дошт Алиҷон Давлатов. – Мо дар ин мусобиқот баромади варзишгаронро дидем ва таҳлил кардем. Акнун бо бартараф кардани камбудиҳо ба Бозиҳои Осиё, ки моҳи август дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, омодагӣ мебинем.