Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад

Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад Тоҷикистон дар Бозиҳои 18-уми Осиё ширкат мекунад

24.04.2018

: 1421

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” ба Душанбе омадаанд, мулоқот кард.

Абдуллозода А. меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир дар кишвар ҳазорон толору иншооти варзишӣ сохта шуда, наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда мешаванд.
- Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамкории ҳасана дорад, - зикр кард дар идома Абдуллозода А. - Аз ҷумла, бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони як майдончаи варзишӣ идома дорад, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ дар Тоҷикистон ҳар сол чандин чорабинии варзишӣ баргузор мешаванд, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ мусоидат хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки бо сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё фардо – 25 апрел – пешорӯи Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия чорабинии “Дав барои хушҳолӣ” доир мегардад ва Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони ин чорабинӣ мешавад.
Елена Чакарова, масъули робитаҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё зимни мулоқот барои пазироии гарму самимӣ ба Кумитаи миллии олимпӣ арзи сипос карда, аз он ки чорабинии “Дав барои хушҳолӣ” дар кишвари зебои Тоҷикистон баргузор мешавад, изҳори хушнудӣ намуд.
- То Бозиҳои Осиё-2018 вақти кам мондааст. Умед мекунем, ки Тоҷикистон дар ин бозиҳо низ мисли бозиҳои гузашта фаъолона ширкат мекунад. Мақсад аз баргузории чорабинии “Дав барои хушҳолӣ” огоҳ намудани сокинони қитъаи Осиё бо бозиҳо ва ҷалби онҳо ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Хеле хушҳолкунанда аст, ки падару модарон, хоҳару бародарони варзишгарон паҳлуи ҳам медаванд ва иштирокчии Бозиҳои Осиё мешаванд.
Пас аз мулоқот бо иштироки Абдуллозода А. ва ҳайати меҳмонон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар нишаст муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Бозиҳои Осиё-2018 аз 18 август то 2 сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия аз рӯи 40 намуди варзиш ва 462 қувваозмоӣ баргузор мешавад. То имрӯз барои иштирок дар Бозиҳои Осиё-2018 Кумитаи миллии олимпӣ 272 нафар, аз ҷумла, 188 варзишгарро аз рӯи 18 намуди варзиш аз ҷараёни бақайдгирӣ гузаронид. Омодагиҳо ба бозиҳо ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст ва бо даст додани имкон дастаи Тоҷикистон дар ҳайти калон дар бозиҳо иштирок хоҳад кард.
Елена Чакарова паёми президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳро вобаста ба баргузории чорабинии “Дав барои хушҳолӣ” қироат кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:
- 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё моҳи августи соли ҷорӣ дар кишвари Индонезия баргузор мегардад, аммо бузургдошти чорабинии мазкур аз ин ҷо, бо шумо - иштирокчиёни чорабинии варзишии “Дав барои хушҳолӣ” (Fun Run) оғоз мешавад. Ин маърака рӯҳияи дӯстию рафоқат, муносибати рафиқона ва дорои тамоми хусусиятҳои инсонию ҳамгироӣ мебошад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.