Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон: аввалин ғолибон муайян шуданд

10.04.2018

: 2042

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 бо мусобиқаи гуштини миллӣ оғоз гардид.

7-8 апрел дар ноҳияи Рашт дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор шуд, ки дар он паҳлавонони ҷумҳурӣ дар ҳайати дастаҳои ВМКБ, Душанбе, Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва Рашт дар 7 вазн барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд.

Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди гуштини миллӣ:
Вазни 60 кг:
1. Қурбонҷонов Далер, ВМКБ
2. Тошматов Исмоилҷон, ШНТМ
3. Мизробзода Амирҳамза, Хатлон-2
3. Ҳасанов Нушервон, Рашт

Вазни 65 кг:
1. Суфиев Баҳром, Хатлон-2
2. Зайдуллоев Наврӯз, Душанбе
3. Абдуллозода Тилло, Суғд
3. Азизов Алиакбар, ШНТМ

Вазни 70 кг:
1. Рамхудоев Салман, ВМКБ
2. Ташрифов Сарафроз, Рашт
3. Каримов Баҳриддин, Хатлон-1
3. Тоиров Идибек, ШНТМ

Вазни 75 кг:
1. Сафаров Дилшод, Душанбе
2. Аламов Хусрав, ШНТМ
3. Давлатов Суҳроб, Суғд
3. Маҳобуллои Хуршед, Хатлон-2

Вазни 80 кг:
1. Бурунов Азамат, ШНТМ
2. Раҷабов Ҳамроз, Суғд
3. Асматбеков Мамадниёз, ВМКБ
3. Ҷумъаев Забир, Хатлон-2

Вазни 90 кг:
1. Бердиев Мақсад, Душанбе
2. Боқиев Бежан, ВМКБ
3. Зулфиқоров Маҳмадраҷаб, Рашт
3. Юсупов Муҳаммадкабор, Суғд

Вазни 100 кг:
1. Соҳибназаров Довуд, Душанбе
2. Сайраҳмонзода Сайдашраф, Рашт
3. Бегов Балаҷон, Хатлон-2
3. Раҳматуллоев Умед, Хатлон-1

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 аз рӯи 11 намуд доир мешавад: гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ (28-29 апрел дар шаҳри Кӯлоб), самбо (21-22 апрел дар Суғд), дзюдо (5-6 май дар Суғд), гуштини озод (14-15 апрел дар Душанбе), таеквондо WT (5-6 май дар Турсунзода), баскетбол (13-17 апрел миёни мардон дар Истаравшан, 21-25 апрел миёни бонувон дар Душанбе), волейбол (21-25 апрел миёни мардон дар Қурғонтеппа, 28 апрел-2 май миёни бонувон дар Суғд), варзиши сабук (28-29 апрел дар Душанбе), бокс (7-11 апрел дар Ашт) ва вазнабардорӣ (5-6 май дар Кӯлоб).