06.04.2018
: 1762
Имрӯз – 6 апрел - дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ чор майдони хурди футбол мавриди истифода қарор гирифт.
Майдончаҳо бо маблағгузории Конфедератсияи футболи Осиё сохта шудаанд.
Дар расми ифтитоҳи майдончаҳо Рустами Эмомалӣ ва Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа қаноатмандии худро нисбат ба ҳамкориҳои судманди КФО ва ФФТ баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд чунин барномаҳои ҳамкорӣ боз ҳам вусъати тоза хоҳанд гирифт.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки дирӯз бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуда буд, бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот карда, масоили дурнамои рушду инкишофи футбол дар минтақаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.