Осорхонаи "Шарафи олимпӣ"
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли 1992 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ, бо мақсади таблиғ ва ҳимояи Ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ, мусобиқаҳои варзишии минтақавӣ, қитъавӣ ва ҷаҳонӣ, ки зери сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Шӯрои олимпии Осиё ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ баргузор мегарданд, инчунин дар сатҳи баланд рушд кардани соҳаи варзиш таъсис ёфта, 24 сентябри соли 1993 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф гардидааст.
Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақсадноки Кумита ба роҳ монда шуда, дар баробари рушди Ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон Осорхонаи "Шарафи олимпӣ" таъсис ёфт.
Дар осорхона маълумоти мухтасар доир ба таърихи варзиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.
Осорхонаи "Шарафи олимпӣ" 14 феврали соли 2018 бо иштироки Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.