Пешниҳоди тағйири номи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ба Варзиши сабуки ҷаҳонӣ (WA) аз ҷониби анҷумани ин созмон расман пазируфта шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
25-28 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад.
Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи Гран Прии Тошканд раддабандии таҷдидшудаи олимпиро нашр кард.
Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омад ва 12 хол гирифт.
Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.
Дар доираи форуми дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон, ки то 27 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ доир мегардад.
Пас аз натиҷагирии чор давр дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 9 хол пешсаф аст.
Роҳбари КФО Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба тими наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил, ки қораи Осиёро намояндагӣ мекунад, муваффақият хост.
Толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.
Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, дар мусобиқа 423 варзишгар (232 мард, 191 зан) аз 71 давлати дунё иштирок мекунанд.
Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.
Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.
Дар чемпионат ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 давлат ширкат хоҳанд кард.
Дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Анастасия Тюринаи 14-сола бори аввал ширкат карда, Дилшод Назаров аввалин медали тиллои олимпиро барои Тоҷикистон овард.
16 сентябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои духтарони то 15-сола ба анҷом расид.
Дар аввалин бозиаш дар гурӯҳи “А” тими наврасони кишвар бар дастаи наврасони Шри Ланка бо ҳисоби калони 8:0 пирӯз шуд.
15 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-ум солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ баргузор шуд.