Муҳимтарин чорабинии варзишии соли 2023 19-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023
28 декабр ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ба синни 54 расид.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар Йерусалими Исроил (Jerusalem Masters 2022) медали нуқра ба даст овард.
Системаи интихобии варзиши сабук ба Бозиҳои олимпии Париж, ки аз 2 то 11 августи соли 2024 баргузор мешавад, нашр шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола варзишгари дигари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев 17 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков медали биринҷӣ ба даст овард.
Мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад.
Мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2022 бо сабқати ситораҳои ҷудо дар Йерусалими Исроил (Jerusalem Masters 2022) ба анҷом мерасад.
Мақсад аз ташкили ҷамъомади машқӣ-таълимӣ омодагии варзишгарони риштаи теннис ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз, 13 декабр, дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ботантанаи ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯи ҷамъбасти соли 2022 эълон шуданд.
Федератсияи байналмилалии шиноварӣ бо тасвиби оинномаи нав номашро ба “World Aquatics” (Варзишҳои обии ҷаҳонӣ) иваз кард.
Шамшер дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод.
Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори медали тилло шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 28 ноябр то 8 декабри соли равон лоиҳаи “Рушди иҷтимоӣ тариқи омӯзиш ва олимпизм”-и Шӯрои олимпии Осиёро татбиқ кард.
4 декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Форуми минтақавии Ҳамбастагии олимпӣ/Шӯрои олимпии Осиё барои кумитаҳои олимпии қора шуруъ шуд, ки то 7 декабр идома меёбад.
Қаблан футболбозбонувони Душанбе солҳои 2018 ва 2020 чемпиони кишвар шуда буданд.
20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд.