Мусобиқаҳои Лигаи кӯдакону наврасон – “Пешсаф” миёни футболбозони то 14-сола ва то 16-сола ҷамъбаст гардиданд.
Санаҳои нави нашри шашуми ин чорабинӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври ҳаштякфинали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон мағлуб ва аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
19-ум Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу, маркази музофоти Жэян ва панҷ шаҳри муштарак баргузор мешавад.
КМО ҶХДК танҳо кумитаи миллии олимпӣ буд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок накард.
Рӯзҳои 11-12 сентябр се бозии даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор шуд, ки дар натиҷа дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба нимфинал роҳ ёфтанд.
Президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифааш истеъфо дод.
12 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - гуштингирӣ баргузор шуд.
Дар даври ҷамъбастии чемпионат “Соро компания”-и Душанбе бар тими “Помир”-и Хоруғ бо ҳисоби 9:3 пирӯз шуд.
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буд, 11 сентябр ба анҷом расид.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT ба хотираи Рашид Жуманов дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон аз 5 то 10 сентябр аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буд, фардо – 11 сентябр – ба анҷом мерасад. То имрӯз варзишгарони мо сазовори 14 медал – 7 нуқра, 7 биринҷӣ - шуданд.
3-юм Бозиҳои осиёии наврасон, ки 20-28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, бо як соли таъхир – 20-28 декабри соли 2022 баргузор хоҳад шуд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - гуштингирӣ баргузор мешавад.
Дар панҷ рӯзи мусобиқоти аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарони мо сазовори 10 медал – 6 нуқра, 4 биринҷӣ - шуданд.
Президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 Сейко Ҳашимото умедвор аст, ки талоши Саппоро барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии зимистонаи соли 2030 метавонад воқеият шавад.
Бо натиҷагирӣ аз 9 даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе бо 22 хол дар садри ҷадвал қарор доранд.
Дидори дастаҳо 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Дар чор рӯзи мусобиқот варзишгарони мо сазовори 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ - шуданд.