Бозии дастаҳои шоми 5-уми октбяр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шуруъ шуд ва то 9 октябр идома меёбад.
Семинари навбатии омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 3-4 октябр дар ноҳияи Данғара баргузор шуд.
8-9 октябр дар шаҳри Душанбе 1-ум мусобиқа оид ба таеквондо – “Ҷоми Сафири Корея” баргузор мешавад.
Дар даври чорякфиналӣ дастаи мо дар муборизаи бисёр ҳассос аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкорӣ, рушди варзиш миёни ҷавонон ва масъалаҳои 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”-ро баррасӣ карданд.
Минтақаи Тройенаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ 4 октябр дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Камбоҷа мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд.
4 октябр дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ҷаласаи 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) баргузор шуд.
Аз 27 сентябр то 2-юми октябр дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаҳои ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева баргузор шуд.
Ҳафтаи сипаришуда пас аз танаффуси дуҳафтаина, бо сабаби иштироки тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд, бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» - тими футзали Тайланд бозӣ мекунанд.
Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар ҷаласаи панҷуми худ, ки 30 сентябр дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, Қатарро ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонони то 23-сола тавсия кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври дуюми гурӯҳи “B”-и марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо тими Узбекистон бозӣ кард.
24-27 сентябр дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз рӯи 13 вазн миёни мардон баргузор шуд.
Дар курси бозомӯзӣ кормандони мактабҳои варзишӣ ва мураббиён ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо пирӯзӣ оғоз кард.
Мусобиқаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 35 қувваозмоӣ (мардҳо – 17, бонувон – 17, даставии омехта - 1) доир мешавад
Аз 6 то 13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор мешавад.
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 8 медал – 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барандаи 48-ум мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» шуд.