Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

О совете

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 МУАЙЯН ШУД

маопсл

пгшдож рпошдпд
ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 МУАЙЯН ШУД ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-23) ДАР МАРҲИЛАИ ФИНАЛИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 МУАЙЯН ШУД

17 Февраля 2022 01:02

Количество просмотров: 678

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки ҳарифони мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардид.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки 1-19 июн дар Узбекистон баргузор мешавад, 16 даста ба 4 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Дар сурате ки тими олимпии Тоҷикистон ба ¼-финал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия – вомехурад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Эрон, Қатар, Туркменистон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.