Ҷудочиёни ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби ду медал - як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.
15 май дар ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) Давӣ миллӣ баргузор шуд, ки дар он 328629 нафар (103795 зан) иштирок намуданд.
5-6 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба варзиши сабук баргузор шуд.
12 май бо ду бозӣ даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад.
13-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) доир мегардад.
Ҳарифи Шоира Зулқайнарова дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ-таълимӣ анҷом медиҳад.
7-9 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд.
7 ва 9-уми май се бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Дилшод Назаров ва котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо дар ҷашни 30-солагии таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд.
Дар Скопйеи Македонияи Шимолӣ мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ба анҷом расид, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мақоми дуюмро сазовор шуд.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 77-ум солгарди Ғалаба бар фашизм
8-уми май дар Истанбули Туркия маросими кушодашавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон доир шуд.
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, маротибаи ёздаҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Дар чемпионат мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
Қарор буд, Ҳангжоуи Чин бозиҳоро аз 10 то 25 сентябри соли ҷорӣ баргузор кунад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ имрӯз, 6 май бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқот анҷом дод.
Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров 6-уми май ба синни 40 расид.