22 Июня 2019 09:06
Количество просмотров: 1261
21 июн дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистону Узбекистон бозии рафиқона доир шуда, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт.
Голҳоро Суннатулло Азизов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Фахриддин Аҳтамов ва Кабир Салимшоев ба ҳадаф расониданд.
Фардо – 23 июн – дар рӯзи ҷашни Рӯзи олимпӣ – дастаҳо дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” бозии дуюми санҷишӣ баргузор менамоянд.