27 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -81кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Акмал Муродов ширкат кард.
26 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -73кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.
Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми Ҳайати олимпии Тоҷикистон, варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба Токио сафар карданд.
25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ду варзишгари мо аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев муҳориба карданд.
23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.
22 июн, ҳамчунин маросими қуръакашии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.
Либосҳои варзиширо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Nike, Mizuno, Speedo ба варзишгарони мо тақдим карданд.
Имрӯз, 22 июл, маросими қуръакашии мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуда, ҳарифони варзишгарони мо муайян шуданд.
Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, хона туҳфа карда мешавад.
Дар 138-ум Иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), ки дар Токио ҷараён дорад, шаҳри Брисбени Австралия мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 интихоб шуд.
Се рӯз қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах иброз намуд, аз гузашта дарси ибрат бигирем ва ба умеди ояндаи равшантар шавем.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Аз 23 июл то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон 32-юм Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад, ки дар он Ҳайати олимпии Тоҷикистон низ ширкат мекунад.
9-16 июл бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таеквондо доир шуд.
Деҳаи олимпии Токио-2020 расман ифтитоҳ гардида, аввалин варзишгаронро қабул намуд.
13 июл дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз, ки 3 июл оғоз шуда буд, натиҷагирӣ карда шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавононро қабул мекунанд, тасдиқ кард.
Федератсияҳои дӯстдорони бокс ва ҷудои Тоҷикистон варзишгаронашонро, ки роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овардаанд, қадрдонӣ намуданд.
10 июл ду бозии даври чоруми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуд.
10-11 июл бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаҳои олӣ баргузор шуданд.