Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.
Бозии ҷавобии рафиқона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Рӯзҳои истироҳат се бозии даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа, наздики 70 нафар шиновар аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Варзиш додани зеҳн тавассути бозии шатранҷ, ки қадимтарин бозии ақлонӣ ва зеҳнӣ аст, дар таърихи тамаддуни мо мавқеи вижа доштааст.
Чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ имрӯзу фардо бо доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома меёбад.
Голҳоро Суннатулло Азизов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Фахриддин Аҳтамов ва Кабир Салимшоев ба ҳадаф расониданд.
Мусобиқот 19 июн оғоз шуда, шоҳмотбозон дар рӯзи аввал аз рӯи 6 категорияи синну сол дар равияи рапид бозӣ карданд.
21 июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба ифтихори Рӯзи олимпӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди Ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон” Конфронси илмӣ-назариявӣ доир гашт.
Мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии соли 2020 аз рӯи 13 категорияи вазнӣ доир хоҳад шуд: 8 вазн миёни мардҳо, 5 вазн миёни бонувон.
“Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Дар мусобиқа 179 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Муғулистон, Руссия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Субҳи 22 июн, соати 6:00 дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки 5000 нафар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир мегардад.
Дар мусобиқа иштироки беш аз 90 нафар, аз ҷумла 67 варзишгар аз 7 давлат – Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар назар аст.
Мусобиқаҳо дар 6 категория – то 7, то 9, то 11, то 13, то 15 ва то 17-сола миёни духтарон ва писарон аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс сурат мегирад.
Қуръакашии даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дертар баргузор мешавад.
14-16 июн дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор шуд.
Дар бозии даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Куктош” дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Мумбай, ки бори 12-ум баргузор мешавад, 217 шатранҷбоз аз 21 давлати дунё иштирок карданд.
Аднан Алиев зимни суханронӣ қайд кард, ки барои машғул шудан ба қайиқронӣ дар Тоҷикистон ҳамаи шароит мавҷуд аст ва танҳо варзишгарон бояд аз он истифода баранд ва барои расидан ба қуллаи мурод талош кунанд.