Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Дастаҳои мутнахаб

Раҳмонзода Абдулло

Алоқа

Тел: (992) 987837773 (мобилӣ)

Вазифа

Ноиби Президенти КМО Тоҷикистон

Матни иловагӣ

Раҳмонзода Абдулло 21 феврали соли 1983 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.

Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).

Фаъолияти меҳнатӣ:

2005-2009 - ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ асситент ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон);

2009-2013 – мутахассиси пешбари Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва илм, сармутахассиси Шуъбаи қонунгузории андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ, муовини сардори Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2013-2017 – ҳуқуқшиноси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон;

2017-2020 – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамзамон ноиби аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон мебошад.

Бо мукофоти давлатӣ -
медали “Хизмати шоиста”, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон”, медали ҷашнии “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай”, унвонҳои
“Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон” сарфароз шудааст.