Котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
Хайруллоева Нигина 31 марти соли 1980 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон - факултаи забонҳои хориҷӣ (2002) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон - факултаи варзиши сабук (2009).
Фаъолияти корӣ:
2001-2004 – ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ташкилоти ғайридавлатии «Суғдиён»;
2004-2007 – таҳлилгар, мутахассиси Ташкилоти байналмиллалӣ «PSI» (outreach worker).
Аз январи 2006 дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2 ба ҳайси сармуррабии тими шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Аз марти соли 2006 котиби генералии Федератсияи каратэ-до-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо унвонҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ, Мураббии дараҷаи олӣ ва Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.