Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГРАН ПРИИ ПОРТУГАЛ АВВАЛИН МУСОБИҚАИ САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО

23.01.2023

: 180

Сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2023 бо Гран Прии Португал оғоз меёбад, ки 27-29 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир мегардад.

Дар аввалин мусобиқаи соли 2023 оид ба ҷудо 580 варзишгар (344 мард, 236 зан) аз 83 давлат иштирок хоҳанд кард.

Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 варзишгарро ба Португал мефиристад:

-66кг – Обид ҶЕБОВ
-73кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА
-81кг – Шодмон РИЗОЕВ
-81кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
+100кг – Раҳмон МАНСУР

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори ҳидоят хоҳад кард.

Тими миллии ҷудои кишвар аз 9 то 16-уми январ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ин мусобиқа омодагӣ дид.

Чун анъана, қувваозмоиҳо рӯзи аввал дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардҳо, рӯзи дуюм дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо ва рӯзи сеюм -78кг, +78кг миёни бонувон ва -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо сурат мегиранд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1000 евро.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Гран Прии Португал Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуда буд.