Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГАНГВОН-2024 ЯК СОЛ ТО БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПИИ НАВРАСОНРО БО МУАРРИФИИ ТАЛИСМАН ҶАШН ГИРИФТ

20.01.2023

: 178

Як сол пеш аз оғози Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон - Гангвон-2024, Кумитаи тадорукоти бозиҳо рӯзи 19 январ талисман, суруд ва хореографияи расмии худро муаррифӣ кард.

Ҳар сеи ин рамзҳоро ҷавонони Корея таҳия кардаанд. Кумитаи тадорукот инчунин ҷоизадори Бозиҳои олимпии наврасон Йери Кимро сафири фахрӣ таъин намуд.

Талисман Мунгчо як тӯби барфист, ки дар натиҷаи муборизаи байни Суоҳоранг ва Бандаби, талисманҳои Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии Пйонгчанг-2018, ба вуҷуд омадааст.

Номи Мунгчо аз калимаи кореягии "Мунгчида" гирифта шудааст, ки маънои ба ҳам овардани фикрҳо ва қудратҳои гуногунро дорад ва аз ҷониби донишҷӯи коллеҷ Су Ён Парк сохта шудааст.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах шарҳ дод: «Муаррифии талисман ҳамеша як марҳилаи муҳим аст. Ҳоло ҳамагӣ як сол мондааст ва мо метавонем итминон дошта бошем, ки ҷавонони ҷаҳон дар давоми бозиҳо дар Гангвон таҷрибаи барҷаста нишон медиҳанд”.

Гангвон-2024, инчунин суруди расмии бозиҳоро бо номи "Мо ба баландӣ меравем", ки аз ҷониби донишҷӯи мусиқӣ Кейн Ҳак Ким таҳия шудааст, муаррифӣ кард ва бори аввал хореографияи ҳамроҳ иҷро шуд.

Раиси Комиссияи ҳамоҳангсозӣ ва узви КБО Чжан Ҳонг тавзеҳ дод: “Ҷалб ва сафарбаркунии ҷавонони маҳаллӣ авлавияти аввалиндараҷа аст. Ҷавонон қудрати ташаккул ва тағйир додани ҷомеаи моро бо роҳҳои муҳим ва пурмазмун доранд. Бо фароҳам овардани имкониятҳо барои машғул шудан ба варзиш ва омӯзиши арзишҳои олимпӣ, мо метавонем онҳоро намунаи ибрат дар ҷомеаҳои худ гардонем. Гангвон-2024 танҳо рақобат нест, он дар бораи фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони маҳаллӣ ҷиҳати расидан ба тавонмандиҳои худ ва саҳм гузоштан дар бунёди ояндаи беҳтар барои ҳама мебошад”.

4-ум Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон аз 19 январ то 1 феврали соли 2024 бо иштироки 1900 варзишгар аз 81 Кумитаи миллии олимпӣ доир хоҳад шуд.