Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СЕ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ МУШТЗАНҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

24.01.2023

: 75

Се нафар узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон – Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола шуданд.

Нашри дуюми Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 18 январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд шуруъ шуд ва 26 январ ба анҷом мерасад.

Довуд Маҳкамов дар вазни -71кг дар чорякфинал намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон Сабиржан Аккаликов шикаст хурд. Абдумалик Болтаев (-75кг) бошад, дар нимфинал аз варзишгари Узбекистон Алохон Абдуллоев шикаст хурд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб намуда буд. Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) дар нимфинал муқобили намояндаи Чин Ҳалимулатӣ Раҳеманду ба ринг баромада, шикаст хурд. Шаҳбоз дар чорякфинал варзишгари Кувейт Мусаб Алҳулайлиро мағлуб кард.

Дуюм Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола бо иштироки 149 варзишгар (95 мард, 54 зан) аз 20 давлати қора ҷараён гирифт. Аз ҷумҳурии мо 7 варзишгар – 6 мард, 1 зан дар ин чорабинӣ ширкат карданд.