Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 МУАЙЯН ШУДАНД

25.05.2022

: 330

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад.

Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони футболбозони ҷавони мо дар ин мусобиқот ҳастанд. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.
Гурӯҳи «C»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.
Гурӯҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.
Гурӯҳи «H»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.
Гурӯҳи «I»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.
Гурӯҳи «J»: АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон), Бруней.