Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУСОБИҚИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ГУРӮҲИ “Н” ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД

МУСОБИҚИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ГУРӮҲИ “Н” ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД МУСОБИҚИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ГУРӮҲИ “Н” ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД МУСОБИҚИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023 ДАР ГУРӮҲИ “Н” ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД

25.05.2022

: 321

Тибқи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «H» бозӣ мекунад.

Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ ташкил карда шуд. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳашон ҷойи дуюмро мегиранд, ширкат хоҳанд кард.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола:

Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, АМА.
Гурӯҳи «C»: Уммон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.
Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Малдив, Кувайт.
Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайбейи Чин, Непал.
Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Афғонистон, Тимори Шарқӣ, Муғулистон.
Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.
Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Узбекистон (мизбон), Шри-Ланка.