Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД МАРАФОНИ ЧОРУМИ МИНА ГУЛИ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

23.05.2022

: 385

Даванди Австралиягӣ Мина Гули 22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, қад-қади дарёи Панҷ баргузор кард.

Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муҳлати марафони дав аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус - Носири Хисрав ва 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ анҷом дод.

Мина Гули ва ҳамроҳонаш дар ин муддат мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон ва обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ дидан карданд.