Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲЕНДБОЛ: ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ МАРДҲО ҶАМЪБАСТ ШУД

23.05.2022

: 341

Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни мардҳо бо пирӯзии дастаи Душанбе-1 анҷом ёфт.

Чемпионат дар асоси Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-21 май дар шаҳри Душанбе, дар толори варзишии Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин" баргузор гардид.

Дар чемпионат 7 даста иштирок карданд: Душанбе-1; Душанбе-2; ВМКБ; Суғд; Хатлон-1; Хатлон-2; ШНТМ.

Бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд ва тими Душанбе-1 бо ба даст овардани 12 хол ғолиб гардид. ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Хатлон-2 бо 8 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Ғолибон бо ҷом, медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.