Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022: МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ

23.05.2022

: 393

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола бо пирӯзии дастаи Эрон ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз тими Эрон бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ин давр тими миллии Узбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи мусобиқа, якбора ду даста – Эрон ва Узбекистон 10-холӣ ба даст оварданд. Аммо ба далели тафовути тӯбҳо наврасони Эрон барандаи чемпионати CAFA-2022 гардиданд. Узбекистон медали нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон бо чор хол медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Қирғизистон ва ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари тими Узбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ҷоизаи арзишмандтарин бозигар ба футболбози тими Эрон Ризо Гандипур насиб гардид.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Афғонистон – Узбекистон – 0:6

Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон – 0:0
Эрон – Қирғизистон – 2:0

Даври 4
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:0
Эрон – Афғонистон – 1:0

Даври 5
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 0:7
Кирғизистон – Узбекистон – 2:3