Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕБАХШАД

КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕБАХШАД КОМИССИЯИ ВАРЗИШГАРОНИ КМОТ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕБАХШАД

25.05.2022

: 387

Имрӯз дар шаҳри Исфара семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) оғоз гардид, ки фардо идома меёбад.

Дар семнари дурӯза, ки бо роҳбарии раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева доир мегардад, бо варзишгарони ҷавон масъалаҳои барои онҳо алоқаманд, мисли мубориза бо допинг, бозии одилона, Кодекси одоби варзишгар, фаъолияти Комиссияи варзишгарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дастгирии варзишгарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра муҳокима мегарданд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Исфара намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода мешавад.

Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси комиссия интихоб шуд ва дар ҳамон сол дар марказҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе намояндагиҳои комиссия таъсис ёфт. Ҳамчунин намояндагони Комиссияи варзишгарон тибқи тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб гардиданд.

Давоми сол семинарҳои омӯзишӣ барои варзишгарон, инчунин дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.