25.04.2022
: 436
Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа аввалин истеъфои мураббӣ дар ин мавсим қайд гардид.
Пас аз мағлубият дар бозии хонагӣ муқобили КМВА (1:2) сармураббии “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, аз роҳнамоии клуб канор равад.
Тими КМВ Артиш бо роҳбарии мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ сеюм пирӯзии пайиҳамро дар оғози мавсим ба даст овард. Дар даври чорум артишиҳо дар меҳмонӣ бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
“Хатлон”-и Бохтар дар дербии Ҷануб бо ҳисоби минималӣ (1:0) “Файзканд”-и Восеъро шикаст дод. Голи ягонаро Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 45 зад. Бо 10 хол аз чор бозӣ дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев дар садри ҷадвал қарор дорад.
“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ натавонист бар тими “Равшан”-и Зафаробод пирӯз шавад (1:1). Ба голи задаи Абдухалил Боронов, зафарободиҳо тавассути зарбаи нишонраси Азимҷон Мавлонов ҷавоб доданд.
Пас аз нокомиҳои пайиҳам, дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоев зад.
Дар даври панҷум, ки 30 апрел ва 1 май доир мегардад, ”Хатлон” бо “Хуҷанд”, “Истиқлол” бо “Файзканд”, КМВА бо “Равшан” (Кӯлоб), “Регар-ТадАЗ” бо “Эсхата” ва “Равшан” (Зафаробод) бо “Истаравшан” бозӣ мекунанд.