Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ДАР МУСОБИҚАИ РУШДИ УЕФА ШИРКАТ МЕКУНАД

21.04.2022

: 505

Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегарданд ва дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, иштирок хоҳад кард.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
3 май (сешанбе)
19:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Косово – Гондурас

Даври 2
5 май (панҷшанбе)
19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово
20:00 – Македония – Албания

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.