20.04.2022
: 488
Мусобиқаҳо оид ба тирпаронии варзишӣ (International Shooting Sport Federation (ISSF) дар ҳамаи бозиҳо, ба ғайр аз бозиҳои солҳои 1904 ва 1928, сурат гирифтааст. Қаблан рақобатҳо фақат миёни мардон доир мегашт. Аз бозиҳои соли 1968 дар Мехико занон низ дар баробари мардон тирпаронӣ мекунанд.
Дар доираи Бозиҳои олимпии Париж-2024 тирпаронӣ аз рӯи 12 мусобиқа миёни мардону бонувон ва 3 сабқати омехтаи даставӣ сурат мегирад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи олимпии тирпаронӣ танҳо як нафар – Сергей Бабиков дар Бозиҳои олимпии Афина-2004, Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ва Бозиҳои олимпии Лондон-2012 муаррифӣ кардааст. Ӯ дар тирпаронӣ аз тапонча ба масофаҳои 10 ва 50 метр ширкат намудааст.
Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла тирпаронӣ ворид гардидааст.
Дар намуди тирпаронӣ ҳамагӣ 340 варзишгар (170 нафар миёни мардон, 170 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 24 нафар (12 мард, 12 зан) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж варзишгарон бояд дар радабандии олимпии ISSF мавқеъ дошта бошанд. Инчунин ҳадди ақал дар ду Чемпионати ISSF дар марҳилаи интихобӣ барои ҳамон сабқати инфиродӣ, ки онҳо бояд дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид шаванд, ширкат карда бошанд.
312 нафар тариқи роҳхати мустақим, 12 варзишгари кишвари мизбон (6 мард, 6 зан) ва 16 нафар (8 мард, 8 зан) тариқи саҳмияи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.
Роҳхатҳои мустақимро дар мусобиқоти ISSF, ки тибқи қоидаҳои ISSF гузаронида мешаванд ва дар давраи аз 14 августи соли 2022 то 9 июни соли 2024 баргузор мешаванд, ба даст овардан мумкин аст.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба тирпаронӣ аз милтиқ ва тапонча-2022, ки дар Миср ба нақша гирифта шудааст, 32 роҳхат, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба тирпаронӣ-2022 дар Хорватия 16 роҳхат, дар 53-юм Чемпионати ҷаҳон-2023 48 роҳхат, дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳон соли 2024 24 роҳхат ҷудо мешавад. Инчунин 60 роҳхат дар мусобиқоти қораи Аврупо, 48 роҳхат дар мусобиқоти Осиё, 42 роҳхат дар мусобиқоти Панамерика, 16 роҳхат дар мусобиқоти Африқо ва 14 роҳхат дар мусобиқоти Уқёнусия дода мешавад. Тавассути радабандии олимпии ISSF бошад, 12 нафар имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. 12 квота ба кишвари мизбон ва 16 саҳмия тариқи Комиссияи сеҷониба тақсим мешавад.
Мусобиқаи камонварӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 15
Мардон – 6 (инфиродӣ ва даставӣ)
Бонувон – 6 (инфиродӣ ва даставӣ)
Тими омехта - 3
Шумораи иштирокчиён
Мардон – 170
Бонувон - 170
Ҳамагӣ – 340
Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 312
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 16
Квота барои кишвари мизбон – 12
Ҳамагӣ – 340
Мусобиқаҳои интихобӣ барои қораи Осиё
22 сентябр - 12 октябри соли 2022
Чемпионати ҷаҳон оид ба тирпаронии варзишӣ. Осиек, Хорватия
12-25 октябри соли 2022
Чемпионати ҷаҳон оид ба тирпаронӣ аз милтиқ ва тапонча. Қоҳира, Миср
14-31 августи соли 2023
53-юм Чемпионати ҷаҳон
Октябри соли 2023
Чемпионати Осиё. Гангвон, Корея
Феврали соли 2024
Чемпионати Осиё оид ба тирпаронӣ
Марти соли 2024
Чемпионати Осиё оид ба тирпаронӣ аз милтиқ ва тапонча
Май-июни соли 2024
Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ