Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2022: “ИСТИҚЛОЛ” ИМКОНИ БАРОМАДАН АЗ ГУРӮҲРО АЗ ДАСТ ДОД

20.04.2022

: 397

Чемпиони Тоҷикистон - тими «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” дар даври чорум низ мағлуб шуд.

Дастаи Виталий Левченко 19 апрел дар бозии ҷавобӣ аз ғолиби феълии мусобиқа, тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 ноком гардида, имконияти баромадан аз гурӯҳро аз даст дод.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи “Райян” (Қатар) бар тими “Шарҷа” (АМА) пирӯз шуд - 3:1.

Ҳамин тариқ, пас аз чор давр “Ал-Ҳилол” бо 12 хол пешсаф аст. “Райян” бо 7 хол дар ҷои дуюм, “Шарҷа” бо 3 хол дар ҷои сеюм, “Истиқлол” бе хол дар ҷои чорум мавқеъ доранд.

Дастаи «Истиқлол» дар ду даври боқимонда бо дастаҳои “Райян” (23 апрел) ва “Шарҷа” (28 апрел) вомехурад.