18.04.2022
: 512
Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол мини дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Тими “Хатлон”-и Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин тим бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард.
Аз ҷумла, “Хатлон” дар даври сеюм бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи “Эсхата” кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобробаробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам тими Хуҷандро ба пеш баровард. Вале Тони Бикатал дар дақаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи тими Бохтарро таъмин карданд.
Дар бозиҳои дигар “Файзканд” бо “Хуҷанд” мусовӣ (0:0) бозӣ карда, “Равшан” дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. “Равшан”-и Зафаробод бошад, дар майдони худаш аз дастаи КМВ Артиш шикаст хурд – 0:2.
Дар даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон, ки 23-24 апрел ба нақша гирифта шудааст, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Равшан” (Зафаробод), “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хуҷанд” бо КМВ Артиш ва “Файзканд” бо “Хатлон” вомехӯранд.