25.04.2022
: 493
18-22 апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup» баргузор шуд.
Дар мусобиқа, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон баргузор шуд, зиёда аз 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок карданд.
Дар натиҷа, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон ҷои аввалро варзишгари навраси тоҷик Сомон Амонов ба даст овард. Ҷои дуюм насиби Анатолий Тсибулко (Қазоқистон), ҷои сеюм насиби Саидамир Саидазимов (Ӯзбекистон) гардид.
Миёни духтарон бошад, ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони Узбекистон сазовор шуданд. Вероника Лян ҷои аввал, Кейра Ким ҷои дуюм, Муслимахон Турдимуродова ҷои сеюмро гирифтанд.
Дар мусобиқаи ҷуфтӣ миёни писарон ҷуфти Сомон Амонов (Тоҷикистон) / Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) мақоми аввалро ишғол намуданд. Ҷуфти Комрон Икромов / Саидамир Икромов (Узбекистон) ҷои дуюмро сазовор гардиданд.
Миёни духтарон ҷуфти Кейра Ким / Олеся Петрова (Ӯзбекистон) ҷои якум, ҷуфти Муслимахон Турдимуродова / Вероника Ҷепарова (Ӯзбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.
Ба иттилои ноиби раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов, давоми сол дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамагӣ ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид шудаанд ва рейтингӣ ҳастанд.
Аз ҷумла 23 апрел мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Open” миёни наврасони то 14-сола шуруъ гардид, ки то 28 апрел идома меёбад. Сипас, дар моҳи май ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола доир хоҳад шуд – “Tajikistan Open” (2-7 май) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9-14 май).
8-13 август баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август “Dushanbe Open”, 3-8 октябр “Dushanbe Cup” ва 10-15 октябр “Somoni Cup” миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.