Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕКУНАНД

13.04.2022

: 490

19-24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW), барои ширкат дар чемпионат 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод кардаанд.

Аъзои дастаи мунтахаби гуштини тарзи озоди Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов (-61кг), Шуҳрат Бозоров (-79кг) ва Искандари Рустам (-125кг) дар мусобиқаи сатҳи баланди қоравӣ ширкат хоҳанд кард.

Чемпионати Осиё 19 апрел бо қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад, 21-22 апрел бонувон, сипас 23-24 апрел гуштингирони тарзи озод сабқат мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 2 медали биринҷии (2014, 2020) Чемпионати Осиё дар вазни 97кг ва Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни 61кг (2020-Деҳлӣ) мебошанд.