Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: ТОҶИКИСТОН БА МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 РОҲХАТ ГИРИФТ

12.04.2022

: 428

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё оид ба футзал-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб 10-12 апрел бо иштироки 8 даста дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба марҳилаи финалӣ баромаданд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳамроҳ бо тимҳои футзали Узбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ кард. Футболбозони мо бозии аввалашонро бо тими Афғонистон мусовӣ (4:4) карда, бар тими Непал бо ҳисоби 11:1 пирӯз ва аз тими Узбекистон мағлуб (2:5) шуданд ва бо 4 хол дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол карданд. Узбекистон бо 9 хол дар ҷои аввал, Афғонистон бо 4 хол дар ҷои сеюм ва Непал бе хол дар ҷои чорум мавқеъ гирифтанд.

Дар гурӯҳи “А” тимҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Малдив барои ду роҳхат талош карданд. Эрон бо 9 хол ҷои аввал, Туркманистон бо 6 хол ҷои дуюм, Қирғизистон бо 3 хол ҷои сеюм, Малдив бе хол ҷои чорумро гирифтанд. 

Марҳилаи ниҳоии 17-ум Ҷоми Осиё оид ба футзал бо иштироки 16 дастаи қора аз 25 сентябр то 20 октябри соли равон дар Кувайт баргузор мешавад. Ба қисмати финалӣ то имрӯз 13 дастаи зерин роҳхат гирифтаанд: Кувайт (мизбон), Лубнон, Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Уммон, Ветнам, Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон.

Се дастаи дигар аз минтақаи Шарқ имкони иштирок дар марҳилаи финалиии Ҷоми Осиёро пайдо мекунанд. Мусобиқаи интихобии ин минтақа ҳоло баргузор нашудааст.