Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ РАҚСИ ВАРЗИШӢ

13.04.2022

: 407

Мусобиқа оид ба рақси варзишӣ ё брекданс (World DanceSport Federation) бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст.

Мусобиқаи рақси варзишӣ миёни мардон ва бонувон сурат мегирад.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла рақси варзишӣ ворид гардидааст.

Дар намуди рақси варзишӣ ҳамагӣ 32 варзишгар (16 нафар миёни мардон, 16 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Ҳар кумитаи миллии олимпӣ имкон дорад 4 роҳхат дарёфт кунад (дунафарӣ миёни мардҳо ва бонувон).

26 нафар тариқи роҳхати мустақим, 2 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи квотаи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Роҳхатҳои мустақим (26 адад) тариқи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ тақсим мешавад. Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба рақси варзишӣ (23-24 сентябри соли 2023) миёни мардҳо ва бонувон (2), ғолибони мусобиқаҳои қоравӣ миёни мардҳо ва бонувон (10) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. 14 нафари дигар (7 мард, 7 зан) дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар давраи аз моҳи март то июни соли 2024 интихоб мегарданд.

Ба кишвари мизбон 2 квота ҷудо карда мешавад, ба шарте ки онҳо дар силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат кунанд ва дар 30-гонаи радабандии ҷаҳонӣ ҷой дошта бошанд.

4 ҷойи дигар тариқи квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба муайян мегардад.

Мусобиқаи рақси варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 2
Мардон – 1
Бонувон – 1

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 16
Бонувон - 16
Ҳамагӣ – 32

Синну сол – 16+

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 26
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 4
Квота барои кишвари мизбон – 2
Ҳамагӣ – 32

Мусобиқаҳои интихобӣ
25-26 сентябри соли 2023
Чемпионати ҷаҳон оид ба рақси варзишӣ. Белгия

Март-июни соли 2024
Силсилаи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ

Мусобиқаҳои интихобии олимпии Осиё