Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ДУЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ДУЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ДУЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ ДУЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

26.03.2022

: 460

26 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ идома ёфт.

Дар рӯзи дуюм сабқатҳои инфиродӣ миёни ҷавондухтарон дар масофаи 15км, ҷавонписарон ва ҷавонписарони то 23-сола дар масофаи 24км доир гардиданд.

Дар сабқати духтарон варзишгари Узбекистон Анна Кускова ғалаба кард. Миёни ҷавононписарон Алексей Ваганов аз Қазоқистон ва миёни ҷавононписарони то 23-сола Аҳмад Мадан аз Баҳрайн ғолиб омаданд.

Дар рӯзи дуюм ду варзишгари мо - Наҷибулло Рустамов миёни ҷавонон ва Манучеҳр Юнусов миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаи 24км ширкат карданд. Наҷибулло бо натиҷаи 0:35:10.864 (миёни 8 иштирокчӣ) ва Манучеҳр бо натиҷаи 0:32:48.407 (миёни 12 иштирокчӣ) ҷои ҳафтумро ишғол карданд.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи дуюм

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, ҷавондухтарон
1. Анна Кускова (Узбекистон), 0:20:06.908
2. Даря Казакбай (Қазоқистон), 0:20:54.601
3. Зи Би Ҳонг Нгуйен (Ветнам), 0:21:57.063

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, ҷавонписарон
1. Алексей Ваганов (Қазоқистон), 0:31:14.415
2. Муҳаммад Дарзӣ Романдӣ (Эрон), 0:31:59.304
3. Давааҷаргал Алтангерел (Муғулистон), 0:32:08.287

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, ҷавонписарони то 23-сола
1. Аҳмад Мадан (Баҳрайн), 0:29:25.502
2. Алексей Фомовский (Узбекистон), 0:30:03.362
3. Ойдин Алиёрӣ (Эрон), 0:31:05.619

Мусобиқаҳои оянда:

27 март
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, U-23 (24км)

28 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)