Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН

ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ КМО ИНДОНЕЗИЯ БА КМО ТОҶИКИСТОН

26.03.2022

: 410

26 март Президенти Кумитаи олимпии Индонезия, ноиби Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Раҷа Сапта Октоҳарӣ, ки барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ба Тоҷикистон омадааст, ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни мулоқоти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тарафайн баррасӣ шуд.

Раҷа Сапта Октоҳарӣ аз он ки Тоҷикистон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳро мизбонӣ мекунад, изҳори хушҳолӣ намуда, ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард.

Дилшод Назаров зимни суҳбат гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд ва чанд соли охир иншооти варзишии сатҳи байналмилалӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон бори аввал Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳро мизбонӣ кунад.

Ҷонибҳо барои дар фурсати наздиктарин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа расиданд.

Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ ва ҳамроҳонаш Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и КМО Тоҷикистонро тамошо карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик ошно шуданд.