Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДОИР КАРДАНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ ОМОДА АСТ

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДОИР КАРДАНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ ОМОДА АСТ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДОИР КАРДАНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ ОМОДА АСТ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДОИР КАРДАНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ ОМОДА АСТ

26.03.2022

: 400

26 март Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ, ҷаноби Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар фасли баҳору Иди байналмилалии Наврӯз хайрамақдам гуфта, барои макони ин чорабинӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур изҳори сипос намуд. Ҳамчунин вобаста ба рушди варзиши велосипедронӣ ва рафти баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки дар пойтахти кишвар ҷараён дорад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи олӣ ҷараён доштани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад. Вобаста ба ин масъала ҷонибҳо ба мувофиқа расида, зикр гардид, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.

Иброз гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Рустами Эмомалӣ ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муттақид сохтанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикргардида, бахусус мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ дастгирии ҳаматарафа ва бевосита пешниҳод месозанд.