Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БА РУШДИ ИН НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

26.03.2022

: 408

26 март, ҳамчунин Сарвазири Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода бо Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ, ҷаноби Давид Лаппартиен, Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар ва Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи тадбирандешиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи варзишгаронии касбӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.

Баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе бо ҷалби беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати қораи Осиё собитгари ҳамчун кишвари амн ва дорои шароити зарурӣ будани Тоҷикистон арзёбӣ шуда, баргузории чорабинӣ дар самти тарғибу ташвиқ ва рушди варзиши велосипедронӣ дар ҷумҳурӣ заруру саривақтӣ дониста шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз имзои санаду созишномаҳое, ки барои рушди варзиши велосипедронӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам сохтаанд, ҳавасмандӣ зоҳир намуда, боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳоро зарур шумориданд.