19.03.2022
: 517
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад.
Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем. Вобаста ба ин, хотиррасон месозам, ки арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад.
Аз нав зинда гардонидани расму ойинҳо, суннату анъанаҳо ва либосҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Боиси қаноатмандии зиёд аст, ки дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек гулгашту боғҳои нав бунёд мекунанд. Дарвоқеъ, ниҳолшинонӣ ва гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар симои пойтахти кишвари азизамон равшан намудор мебошад.
Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст ва онро, аз ҳама бештар деҳқонон интизорӣ мекашанд. Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро оғоз мекунанд. Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.
Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.
Мо – тоҷикон соҳиби адабиёту фарҳанги ғаниву қадима буда, аксари ташаббусҳои байналмилалие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбарӣ карда мешаванд, маҳз аз ҳамин фарҳангу маънавиёти деринаи халқамон сарчашма мегиранд. Басо рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар айёми наврӯзӣ ва дар «Рӯзи ҷаҳонии об» татбиқи ташаббуси нави Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 оғоз гардид. Яъне ҳоло ибтикори чоруми кишвари мо дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодааст, ки албатта, мояи сарфарозиву ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи об бесабаб нестанд, зеро об дар тамаддун ва фарҳанги мардуми ориёинажоди мо асрҳои аср мақоми бисёр баланду арзишманд дошта, халқи тоҷик аз замонҳои қадим чун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин, кишоварзу ободгар ва соҳиби марказҳои бостониву эътирофгардидаи маданияти заминдорӣ шинохта шудааст.
Умед дорем, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсоз ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи талошҳои созандаву бунёдкорона ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон фатҳу кушоишҳои нав меоварад.
Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома дорад. Мардуми сарбаланди мо хуб медонанд, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид. Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо, яъне ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва тақдирсоз мегузорад.
Дар шароити бавуҷудомадаи кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон омода бошем. Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо барои солҳои наздиктарин ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва сарнавиштсоз қарор доранд, ки мо бояд ҳамеша дар андешаи татбиқи амалии онҳо бошем.
Ҳамватанони азиз!
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди мо ин анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.
Мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи байналмилалиро дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст. Мо бояд ба қадри ин неъмат расем ва шукронаи онро ба ҷо оварем.
Ба хурду бузурги мардуми азизи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки Ватани маҳбубамонро сидқан дӯст доред, босабру таҳаммул бошед, иззату эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оваред, дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиред ва шукрона кунед, ки дар Ватани орому осуда ва давлати озоду соҳибихтиёр умр ба сар мебаред.
Ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД – 19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд. Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар, солҳои бисёр сахту ҳалокатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ду соли охир бемории сироятии КОВИД – 19-ро паси сар кардем. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.
Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем.
Махсусан, деҳқонони асили мо, ки соҳиби таҷрибаи зиёди кишоварзӣ ва маданияти баланди заминдорӣ мебошанд, бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, киштукори баҳориро, ки омили таъминкунандаи файзу баракати хони наврӯзӣ ва рӯзгори халқамон ба ҳисоб меравад, вусъат бахшанд. Зарур аст, ки истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил таъмин карда шавад. Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад.
Дар даврае, ки башарият вазнинтарин солҳои таърихи худро аз сар мегузаронад, мо боз ҳам бештар сарфакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.
Моҳи апрели соли гузашта дар муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон вазъияти ниҳоят мушкили ҷаҳонро таъкид карда будам.
Соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад.
Бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ҳар як оила бояд сарфаю сариштакориро риоя намояд. Чунонки солҳои охир борҳо хотирнишон карда будам, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад. Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан, наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таассуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Бовар дорам, ки мо бо заҳмати аҳлонаи мардуми заҳматқаринамон ба ҳадафҳои неки худ мерасем, Тоҷикистони маҳбубамонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва нуфузу обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият мебахшем.
Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.
Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!