Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАМОЯНДАГОНИ 27 ДАВЛАТ ДАР ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ШИРКАТ МЕКУНАНД

19.03.2022

: 526

25-30 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор мешавад.

Дар доираи чемпионат, ҳамчунин Иҷлосияи Конфедератсияи велосипедронии Осиё доир мегардад. Дар чорабинӣ иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.

Чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад. Умуман, дар доираи чорабинӣ, дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Тоҷикистон, 25-30 марти 2022

25 март
Мусобиқаи даставӣ, мардҳо (24км)
Мусобиқаи даставӣ, занҳо (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24км; 15км)

26 март
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, U-23 (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, ҷавонон (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, ҷавонон (15км)

27 март
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо (24км)
Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, U-23 (24км)

28 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)