Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОНИ БЕШ АЗ 20 ДАВЛАТ ДАР ЧО ОИД БА КУРАШ ШИРКАТ МЕКУНАНД

18.03.2022

: 432

Тавре хабар дода будем, 19-20 март дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш баргузор мешавад.

Дар чемпионат варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок хоҳанд кард. Аллакай дастаҳои Тайпейи Чин, Кувейт, Тайланд, Индонезия, Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ба Душанбе омаданд.

Дар доираи чемпионат имрӯз – 18 март – дар меҳмонхонаи “Hilton” Иҷлосияи Конфедератсияи кураши Осиё-Уқёнус доир мегардад. Дар иҷлосия масъалаҳои рушди варзиши кураш дар қора, тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Конфедератсия ва қабули аъзои нав баррасӣ мегарданд.