12.03.2022
: 412
8-11 март дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.
Дар ин давр ҳашт варзишгари тоҷик – 4 нафар миёни наврасон, 4 нафар миёни ҷавонон иштирок карданд: Ҳангома Исоева (-57кг), Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг), Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг).
Аз миёни онҳо танҳо ду нафар – Анушервон Фозилов миёни наврасон ва Абдураҳим Ёқубов миёни ҷавонон ба финал роҳ ёфтанд. Дигарон бо медали биринҷӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Анушервон то ба финал расидан дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Муғулистон Мандах Тосгбардах, дар чорякфинал бар варзишгари Ироқ Ҳамдан Аббос Қосим, дар нимфинал бар намояндаи Қирғизистон Зафарбек Комилов пирӯз шуд. Ҳарифаш дар финал Криш Пал аз Ҳиндустон мебошад.
Абдураҳим низ то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили варзишгарони Тайланд (Паочанзуек Фиси), Ҳиндустон (Рудра Пратап Сингҳ), Узбекистон (Суҳроб Аминов) дастболо шуд. Ҳарифаш дар финал Алмаз Орозбекови қирғизистонӣ аст.
Муҳорибаҳои финал 13-14-уми март ба нақша гирифта шудааст.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.
Дар даври муқаддамотӣ ва чорякфинал миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов (-48кг), Дамир Муйбалихонов (-52кг), Ҷаъфар Ҳакимов (-50кг), Усмоншайх Усмонов (-63кг), Аъзам Фозилов (-75кг), Фирӯз Раҷабов (-80кг), миёни ҷавонон Абубакр Муродов (-57кг), Анушервон Ақназаров (-67кг), Меъроҷ Зоидов (-48кг), Асламҷон Қурбонов (-51кг), Бузургмеҳр Иксанов (-54кг), Саддам Давлатов (-63,5кг) ва Парвиз Ахмедов (-92кг) аз ҳарифонашон шикаст хурданд.