Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН

БОКС: АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН БОКС: АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН БОКС: АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН БОКС: АНУШЕРВОН ФОЗИЛОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ НАВРАСОН

14.03.2022

: 435

13 март дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон баргузор шуд.

Танҳо як варзишгари мо – Анушервон Фозилов дар вазни -46кг муҳориба карда, аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб гардид ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Анушервон то ба финал расидан, дар даври муқаддамотӣ бар намояндаи Муғулистон Мандах Тосгбардах, дар чорякфинал бар варзишгари Ироқ Ҳамдан Аббос Қосим, дар нимфинал бар намояндаи Қирғизистон Зафарбек Комилов пирӯз шуд.

Миёни наврасон се варзишгари дигарамон – Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашуров (-60кг) ва Ҳангома Исоева (-57кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Имрӯз муҳорибаҳои финалӣ миёни ҷавонон доир мегарданд, ки варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов (-60кг) муқобили Алмаз Орозбекови қирғизистонӣ вориди ринг мешавад.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.