11.03.2022
: 500
27 март дар шаҳри Ташканди Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии Ниммарафон 138 млн. сум буда, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст. Дар доираи ин чорабинӣ, ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Наврӯз 4-ум Ниммарафони байналмилалии Тошканд баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, аз кишвари мо чор нафар ба Тошканд сафарбар мегарданд: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева.
Меҳрубон Шамсидинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон - 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш - 1:11:35 мебошад. Беҳтарин натиҷаи дигар варзишгаронамон чунин аст: Аъзамҷон Давлатов – 1:13:03, Зулҳиҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмо Абдуллоева – 1:32:11.
Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.